Ҳадди камтарини маблағи харид

Ҳадди камтарини маблағи харид, ки ҳангоми ба он расидан ташкилоти харидор ӯҳдадор аст харидро бо усулҳое, ки дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" пешбинӣ шудааст ба анҷом расонад, ки мутобиқи банди 14 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ба андозаи зерин муайян гаштааст:

«14. Ҳадди камтарини маблағи харид - нишондиҳандаест, ки барои моддаи хароҷоти гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои як семоҳа муқаррар шуда, то расидан ба он ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад харидро бо тартиби соддакардашуда анҷом диҳад. Ҳадди камтарини маблағи харид барои хариди мол ба дусаду панҷоҳ, барои кор ва хизматрасонӣ ба сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.»