ru en tj
(+992 37) 221-47-03
info@zakupki.gov.tj

ОБЪЯВЛЕНИЕ

23 августа 2017 г.

Номгўи  мансабҳо

Дастгоҳи маркази:

1.Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус: мудир – 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, филологи ва забоншиносӣ) собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 3 сол, ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 4 сол), маоши мансабӣ – 1095 сомонӣ;

Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист. Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд  афзалият дода мешавад.

 

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

- ариза ба унвони  роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳучҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарча меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086);

- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- тавсифнома аз ҷои кор;

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба суроғаи ш.Душанбе, кўчаи Шота Руставели, 22 пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227- 66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj  дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муҳлати 21 рўзи нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма.